Дар Душанбе масъалаи татбиқи минбаъдаи ихтирооти сабтшуда байни Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии авруосиёӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Президенти Идораи патентии авруосиёии Ташкилоти патентии авруосиёӣ Ивлиев Григорий баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии соҳаи моликияти зеҳнӣ, инчунин идомаи татбиқи барномаҳои дахлдор доир ба тақвияти иқтидори кадрии коршиносони соҳа ва мубодилаи таҷриба дар ин самт, дастгирии паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва татбиқи минбаъдаи ихтирооти сабтшуда табодули андеша сурат гирифт.
Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви муҳими Ташкилоти патентии авруосёгӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳамгироии авруосиёгӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ нақши калидӣ мебозад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






