Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши забон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» конференсия доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши забон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар конференсия аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ дар мавзуъҳои «Нақши ваҳдатофарини забони тоҷикӣ дар масири таърих», «Сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон», «Вазъи иҷтимоии забони тоҷикӣ дар 26 соли Ваҳдати миллӣ» ва дигар масъалаҳои ба ин мавзуъ алоқаманд, зиёда аз 10 маърўза пешниҳод гардид.
Маърузачиён таъкид намуданд, ки забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад ва он дар таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъ намудани мардум ва таҳкими худшиносию ватандўстии насли ояндасоз-наврасону ҷавонон нақши муҳим мебозад.
Иштирокдорони конференсия ҷиҳати татбиқи босамари забони давлати ибрози андеша намуда, дар ин зимн баҳри равнақи он тавсияҳои муҳим пешниҳод намуданд.
Дар интиҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони Конференсия «Тавсиянома оид ба рушду инкишофи забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» қабул гардид.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






