Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи нави кишоварзӣ ба маблағи 100 миллион доллар баррасӣ карда шуд

Июнь 16, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 16.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 июн Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Директори минтақавии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Миёна Дина Салеҳ ва Директори кишварии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберто Лонго мулоқот кард, ки зимни он ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои соҳа табодули афкор намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.

Дар мулоқот оид ба рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон маълумот дода шуда, вобаста ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ» изҳори назар карда шуд.

Таъкид гардид, ки Лоиҳаи татбиқшаванда барои беҳтар намудани соҳаи кишоварзӣ ва рушди минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ» дар заминаи ҷомеа ҳоло бомуваффақият амалӣ мешавад ва чанде қабл Лоиҳаи нави он дар заминаи ҷомеа барои солҳои 2023-2030 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, маблағи умумии он 100 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар татбиқи босамари Лоиҳа ба сифати шарикони ҳамкор Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҷалб гардидаанд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 16, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд