Дар Душанбе зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ мавзуи пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ матраҳ шуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муқовимат ба коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ буда, баҳри пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол тадбирҳои ҷиддитар андешида мешавад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 таъкид намуданд: «коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи мамлакат буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизогии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад». Ин матлаб зимни вохўрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони марказҳои ҷумҳуриявӣ, зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сармуҳосибони муассисаҳои тиббии пойтахт, ки имрӯз, 14 июн дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» баргузор шуд, изҳор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар мулоқоти мазкур доир ба ҷараёни иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030» ва марҳилаи якуми он- солҳои 2021-2025 ибрози андеша карда шуда, таъкид гардид, ки ҳама вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳо бояд дар асоси ин Стратегия нақшаи чорабиниҳои солона таҳия ва дар ҳамкорӣ бо Агентӣ амалӣ намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷиҳати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва дигар сабабҳои пайдоиши ин амали номатлуб мубодилаи афкор сурат гирифт.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






