Дар Эрон шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 19 нафар расид
ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Эрон бар асари обхезӣ тақрибан 19 нафар ҳалок шуда, се каси дигар бедарак гардиданд. Обхезӣ дар ин кишвар дар натиҷаи боришоти шадиде, ки аз моҳи май инҷониб идома дорад, ба амал омад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус имрӯз намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон Бобак Маҳмудӣ хабар дод.
«Дар ин муддат 19 нафар дар натиҷаи обхезӣ ҳалок шуданд, 8 кас бар асари зарбаи раъду барқ ва 3 нафар бар асари ярч ба ҳалокат расиданд. Дар маҷмуъ, аз оғози обхезӣ дар 10 вилояти кишвар 30 нафар ҳалок гардиданд», — аз суханҳои Маҳмудӣ иқтибос меорад ISNA.
Намояндаи ин ташкилот ҳамчунин тазаккур дод, ки аз 31 вилоят дар 23 тоаш тақрибан 50 ҳазор нафар ба кумаки хадамоти таъҷилӣ ниёз доранд. Аксари осебдидагон, яъне 46 000 нафар дар Ардабил мебошанд. Тақрибан 700 нафар дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ ҷойгир гардида, беш аз 130 нафар ба минтақаҳои бехавф интиқол дода шудаанд.
Чанд пеш Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон аз ҳалокати 7 нафар дар вилояти Ардабил, ки нисбат ба дигар минтақаҳо аз обхезӣ бештар хисорот дидааст, хабар дода буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






