Дар Фестивали байналмилалии фарҳангӣ дар Боку гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардида, дастархони тоҷикӣ ороста шуд

Июнь 13, 2023 15:19

ДУШАНБЕ, 13.06.2023/АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Боку бо ташаббуси Академияи дипломатии Озарбойҷон (Донишгоҳи ADA)  11 –умин Фестивали байналмилалии фарҳангӣ доир гардид. Аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон гӯшаи миллии Тоҷикистон ташкил шуд, ки дар он намунаи ҳунарҳои  мардумӣ, аз ҷумла сўзанӣ, атлас ва адрас, туҳфаҳои аз сафол, чӯб ва сангҳои ранга сохташуда, маводи чопӣ оид ба имконияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд. Инчунин дар як қисми ин гӯша дастархони тоҷикӣ, ки аз таомҳои гуногуни миллӣ ва шириниҳо иборат буд,  ороста шуд.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад, дар 11-умин Фестивали байналмилалии фарҳанг 35 сафорати муқими Ҷумҳурии Озарбойҷон ва хабарнигорон иштирок намуданд.

Мақсади баргузории  Фестивали байналмилалии фарҳангӣ  муаррифии таърих, фарҳанг, санъат ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Дар анҷоми Фестивали байналмилалии фарҳангӣ намоишҳои эҷодӣ бо муаррифии осор, сурудҳо ва рақсҳои миллӣ барпо шуданд, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштироки фаъолона  доштанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Июнь 13, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд