Дар Хоруғ хизматчиёни давлатӣ бо талаботи гузариш ба Ҳукумати электронӣ ва усулҳои истифодаи он шинос гардиданд

Июнь 21, 2023 17:01

ДУШАНБЕ, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 июн то 21 июн дар  шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон курси сайёри такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои  вилоят аз рӯйи барномаи «Татбиқи ҳукумати электронӣ ва тақвияти малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки ки пешравии ҷаҳонии иттилоотӣ ва техникаву технологияҳои муосир аз давлату ҳукуматҳо талаб менамояд, ки барои мувофиқ намудани меъёрҳои коргузории давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ба низоми муосири Ҳукумати электронӣ рӯй оваранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади осон ва оммафаҳм гардонидани низоми коргузории расмӣ ва инчунин тезонидани раванди баррасии санадҳои расмӣ барномаи гузариш ба Ҳукумати электрониро таҳия менамояд. Аллакай дар мамлакат баъзе зерсистемаҳои Ҳукумати электронӣ,  аз қабили дархостҳои электронӣ ба мақомоти давлатӣ, низоми электронии қабули арзу шикоятҳо ва пардохтҳои давлатии электронӣ амал менамоянд, ки ин қадами нахустин барои гузариш ба Ҳукумати электронӣ мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки мақсад аз баргузории курси мазкур ин фаҳмонидани мақсаду маром ва ҳадафҳои гузариш ба Ҳукумати электронӣ барои хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Иброз гардид, ки ҳар як хизматчии давлатиро зарур аст, то аз меъёрҳо ва низоми Ҳукумати электронӣ огаҳ бошад ва ба таври ҳамешагӣ дар такмили малакаи истифодарии технологияи рақамӣ дар хизмати давлатӣ ҳиссагузор бошад. Ин аз як ҷиҳат агар ба содагардии раванди фаъолияти коргузорӣ дар хизмати давлатӣ таъсиргузор бошад, аз ҷиҳати дигар дар баррасии саривақтии дархостҳои шаҳрвандон кумакрасон мегардад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар ҷараёни курси сайёри такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯйи барномаи «Татбиқи ҳукумати электронӣ ва тақвияти малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ» шунавандагон бо талаботи гузариш ба Ҳукумати электронӣ ва усулҳои истифодаи он шинос гардиданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2023 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад