Дар Хоруғ зиёда аз 300 метри роҳи пиёдагарди шаҳр чароғон шуд

Июнь 30, 2023 16:18

ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 300 метри роҳи пиёдагарди маҳаллаи Дашти Боло то маҳаллаи Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ чароғон гардид, ки то ҳол ин мушкилоти асосии сокинони ин маҳаллаҳо ба ҳисоб мерафт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Масъулин иброз доштанд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани ҳаëти шоиста барои ҳар як сокини мамлакат ва беҳтар намудани шароити инфрасохтор дар шаҳри Хоруғ низ корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ марказҳои савдою хизматрасонӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу кўдакистонҳо, майдончаҳои варзишии муосир бунёд ёфта, роҳҳо мумфаршу чароғон гардида, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар беҳтар мешаванд ва масъалаи камбуди оби ошомиданӣ бартараф мегардад.

Сокинони ин маҳаллаҳо барои чунин ғамхориҳо ба Сарвари давлат ва роҳбарияти шаҳру вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, ибрози итминон намуданд, ки дар ҷавоби ҳамаи ин дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар вусъат додани корҳои созандагию бунëдкорӣ саҳми бештар мегузоранд.

Амалишавии ин иқдом дар дигар маҳаллаҳо низ идома хоҳад ëфт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июнь 30, 2023 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид