Дар Хуҷанд ба 12 нафар эҳтиёҷманд калиди хонаи истиқоматӣ тақдим гардид

Июнь 29, 2023 11:17

ДУШАНБЕ, 29.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн  дар шаҳри Хуҷанд,  дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ба 12 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун ва кадрҳои ҷавон, инчунин оилаҳои камбизоат калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Хонаҳои истиқоматӣ дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дорои шароити зарурӣ мебошанд.

Дар маросими тақдими калиди хонаҳои истиқоматӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки иқдоми мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадафи он  дастгирии кадрҳои ҷавон ва қишри ниёзманди ҷомеа мебошад.

Раиси вилоят изҳор дошт, ки иқдоми мазкур  минбаъд низ идома ёфта, марҳила ба марҳила мутахассисони соҳаҳои мухталиф бо манзили зист  таъмин карда мешаванд.

Шахсоне, ки соҳиби хона шудаанд, воқеан ҳам ба беҳтар намудани шароити зист ниёз дошта, барои дастгирӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зоҳир намудани ғамхорӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 29, 2023 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад