Дар Ҳисор Ассотсиатсияи занбӯриасалпарварон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ,15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор Ассотсиатсияи занбӯриасалпарварон таъсис дода шуда, нахустин ҷаласаи ин Ассотсиатсия доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Мавриди тазаккур аст, ки Ассотсиатсияи мазкур бо мақсади рушди соҳа ва муттаҳид намудани занбӯриасалпарварони шаҳр ва минтақа таъсис дода шудааст.
Дар ҷалсаи нахустини Ассосиатсия масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди соҳа баррасӣ шуд. Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа Оинномаи Асосиатсияро тасдиқ намуданд. Аъзои раёсат ва раиси Асосиатсия ҳам интихоб гардид.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки замбӯриасалпарварони шаҳр дар доираи Ассотсиатсия муттаҳид шуда, баҳри рушди ин соҳаи сердаромад қадамҳои устувор мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






