Дар Истаравшан барои обёрии заминҳои киштшуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад
ИСТАРАВШАН, 13.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии «Зарринруд» -и шаҳри Истаравшан баҳри амалисозии дастуру ҳидоятҳои давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати аз майдонҳои киштшаванда ба даст овардани 2-3 ҳосил дар як мавсим ва бо ин васила боз ҳам беҳтар гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ, дар таъмин гардонидани майдонҳои киштшуда бо оби полезӣ ҳиссаи муносиб мегузорад.
Ҳамасола дар ин шаҳри бостонӣ дар майдони зиёда аз 24 ҳазор гектар зироати мухталиф кишту парвариш ва ҷамъоварӣ карда мешавад. Аз ин миқдор майдон наздики 12 ҳазор гектарро заминҳои обӣ ташкил медиҳад, ки 9378 гектараш бо қувваи масъулину муҳандисони муассисаи давлатии Идораи беҳдошти замин ва обёрии «Зарринруд» обёрӣ карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан нисбат ба соли гузашта хеле зиёд кишти пиёз гузаронида шудааст ва ин ҳама афзунсозиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои кишоварзии Ассосиатсияи истифодабарандагони оби «Лакат» ба назар мерасад.
Мутахассисони соҳаи кишту парвариши пиёз баробари таъмини бозорҳои истеъмолии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ мақсад доранд, ки бештари ҳосилро берун аз Тоҷикистон содирот намуда, сатҳи зиндагияшонро боз ҳам хубтар гардонанд.
Гузашта аз ин деҳқонон ҳар ваҷаби мазрааи обиро пурмаҳсулу оқилона истифода намуда, дар гирду атроф бо истифодаи оби полезӣ кишти помидорро роҳандозӣ намуда, паси ниҳолҳои помидор ҷуворимакка шинонидаанд.
Ин амал аз як ҷониб сиёсати аз як майдон гирифтани ду се ҳосилро таъмин созад, аз ҷониби дигар ниҳолҳои помидорро аз гармсел эмин дошта, баландшавии ҳосилнокиро таъмин мегардонад.
Саъдулло Маҳкам,
АМИТ «Ховар»
АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






