Дар иёлати Теннессии Амрико пас аз тирпарронӣ ва сӯхтор ҷасади шаш нафар пайдо карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар иёлати Теннессии Амрико пас аз тирпарронӣ ва сӯхтори хона ҷасади шаш нафар, аз ҷумла се кӯдак, пайдо карда шуд.Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи ҷумъа шабакаи телевизионии маҳаллии WTVC-TV гузориш дод.
Фоҷиа рӯзи панҷшанбе соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ дар маҳаллаи маъруф бо номи Секутчи рух дод. Эҳтимол, куштор рух дода, баъд аз он қотил худкушӣ намудааст.
Гуфта мешавад, ки полис пас аз дарёфти иттилоъ дар бораи тирпарронӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, хонаро дар ҳолати сӯхтор пайдо намуд.
Идораи тафтишоти Теннесси изҳор дошт, ки як нафари дигар бо захми тир дар беморхонаи шаҳри Чаттануга бистарӣ гардид.
Ҷасади ҳалокшудагон барои ташхис ба маркази маъмурии Теннесси — Нэшвилл фиристода шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






