Дар Литсейи касбӣ-техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб ба занону духтарони бешуғл ҳунар меомӯзанд
КӮЛОБ, 13.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалб намудани занон ва духтарони хонашини деҳот ба касби дўзандагӣ дар Литсейи касбӣ- техникии саноати кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб машғулияти семоҳа ва дусола ташкил гардидааст, ки дар он беш аз 20 нафар занону духтарон ба чакандўзӣ, қўроқдузӣ, навъи попурӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ ҷалб гардидаанд. Занон ва духтарони деҳот баъди аз худ намудани ҳунарҳои мардумӣ соҳиби дипломҳои тахассусӣ гардида, ба шуғл фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Литсейи мазкур бо 6 мошинаи дарздузӣ таъмин буда, дар он усто ва мутахассасисони ботаҷриба ба шогирдон ҳунар меомўзанд.
Ногуфта намонад, ки давоми соли равон занону духтарони Литсейи мазкур дар чандин чорабиниҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, соҳиби «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои мақомоти марбута гардиданд.
Тавре устои таълимии истеҳсолии ихтисоси дўзандаҳои Литсейи мазкур Бозоргул Мирзоева изҳор дошт: «Мо миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонданием, чунки айни ҳол аксари занону духтарони хонашин ба соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ҷалб гардида, соҳиби касбу кори гуногун мешаванд. Дар Литсейи мо низ тасмим гирифтаанд, ки занону духтарони бешуғли деҳотро ба касби дўзандагӣ ҷалб намуда, соҳиби дипломҳои тахассусӣ намоянд. Айни ҳол шароити касбомӯзон дар Литсей хуб ба роҳ монда шуда, бо мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин мебошанд».
Тазаккур бояд дод, ки дар литсей 200 нафар касбомўз аз рўи 6 ихтисос ба омўзиш фаро гирифта шудааст, ки аз ин шумора 85 нафари онҳо соҳиби дипломи тахассусӣ гардидаанд.
Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити омўзиш барои касомўзон 6 синфхонаи иловагӣ, ошхонаи замонавӣ сохта шуда, корҳои дигари навсозӣ дар Литсей идома доранд.
Роҳбарияти Литсейи касбӣ -техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб мақсад дорад, ки дар оянда низ шумораи касбомўзонро зиёд намуда, хатмкунандагони муассисаҳои тахсилоти умумӣ ва сокинони деҳотро ба он бештар ҷалб намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






