Дар Минск дурнамои рушди ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд

Июнь 14, 2023 16:28

ДУШАНБЕ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар шаҳри Минск  директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Андрей Швед мулоқот намуд.

Аснои вохӯрӣ бо шароити кории кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус шиносоӣ пайдо намуда, рафти иҷрои муқаррароти Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо дар доираи Созишномаи болозикр ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, аз ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамзамон 12 июн директори Агентӣ бо раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — раиси Кумитаи назорати давлатии Ҷумҳурии Беларус, директори Департаменти тафтиши молиявӣ Игор Маршалов мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҳолати иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар масъалаҳои вобаста ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба самаранокии ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо ин падидаи номатлуб таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо нақши Шӯрои мазкурро дар таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодӣ баланд арзёбӣ карда, ба густариши ҳамкории минбаъда изҳори умедворӣ намуданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2023 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард