Дар Минск нақши таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ таъкид намуданд

Июнь 27, 2023 11:06

ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндагони диаспораи тоҷик, зиёиён, инчунин донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Беларус баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Минск хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш нақши муҳими таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори давлатдории миллӣ, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон махсус таъкид гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Беларус дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид намуда, аз ҳамватанони муқими Беларус баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо Тоҷикистон ва Беларус, рушди ҳамкории фарҳангию иқтисодӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ бо мақсади пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ даъват ба амал овард.

Гӯшаи бинои Сафорат бо сабки махсус ороиш ёфта, дар он китобҳои Пешвои миллат, намунаи асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии миллӣ ба маърази ом гузошта шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Июнь 27, 2023 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд