Дар шаҳри Гулистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ гузаронида шуд
ГУЛИСТОН, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик»—и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон.
Иброз карда шуд, ки ин санаи муҳим ба мо ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мо аст. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо барои кӯдакону наврасон 11 муассисаи таълимии томактабӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби санъат, мактаби варзишӣ ва баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим 52 майдончаи варзишӣ, 15 майдончаи бозии кӯдакона мавриди истифода қарор дорад.
Дар идомаи барнома дар вазъияти тантанавӣ ба кӯдакону наврасони фаъол, ки дар озмуну олипиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардидаанд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр тақдим карда шуд.
Сипас, аз ҷониби кӯдакон — таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокдорон карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид






