Дар шаҳри Гулистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ гузаронида шуд

Июнь 2, 2023 11:27

ГУЛИСТОН, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик»и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон.

Иброз карда шуд, ки ин санаи муҳим ба мо ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мо аст. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо барои кӯдакону наврасон 11 муассисаи таълимии томактабӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби санъат, мактаби варзишӣ ва баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим 52 майдончаи варзишӣ, 15 майдончаи бозии кӯдакона мавриди истифода қарор дорад.

Дар идомаи барнома дар вазъияти тантанавӣ ба кӯдакону наврасони фаъол, ки дар озмуну олипиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардидаанд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Сипас, аз ҷониби кӯдакон — таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокдорон карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Июнь 2, 2023 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Ҳамкории илмию таҳлилии Тоҷикистон ва Олмон густариш меёбад
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд