Дар шаҳри Хоруғ амалиёти «Автобус» оғоз шуд

Июнь 16, 2023 13:34

ХОРУҒ, 16.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ амалиёти «Автобус» оғоз гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии он санҷиши ҳолати техникии мошинҳои боркашу  мусофирбар ва  пешгирии қоидавайронкуниҳо дар роҳҳои мошингард мебошад. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ  медиҳад.

Ҳамасола аз 15 то 20 июн дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Автобус» гузаронида мешавад. Дар ин робита, бо супориши роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони масъули Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати номбурда дар вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамъиятҳои мусофирбар, терминалҳо ва  корхонаву муассисаҳои нақлиётӣ баргузор намуданд.

Амалиёти «Автобус» аз терминали шаҳри Хоруғ, ки дар хати сайри Хоруғ-Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул аст, оғоз ёфт. Ба мушоҳида расид, ки кормандони техникию тиббии ин терминал қабл аз сафар ронандагонро мавриди муоинаи тиббӣ қарор медиҳанд ва дар сурати пайдо кардани ягон аломати беморӣ сафарашро ба таъхир мегузоранд.

Санҷиши тиббӣ дар рӯзи амалиёти «Автобус» нишон дод, ки саломатии ҳамаи ронандагон хуб аст ва пас аз муоинаи ҳаматарафа ба онҳо иҷозат дода шуд, ки ба сафар бароянд.

Кормандони масъули Бозрасии давлатии автомобилӣ ба мақсади баланд бардоштани ҳолати техникӣ ва сари вақт аз санҷиш техникии давлатӣ гузаронидани воситаҳои нақлиёт, пешгирӣ аз ҳаргуна ҳодисаҳои садамавӣ дар роҳ  аз маркази ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт низ дидан намуданд.

Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят зимни баргузории амалиёти «Автобус» дар баробари санҷидани ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва вазъи саломатии ронандагон,  ҳамчунин корҳои фаҳмондадиҳиро низ анҷом доданд.

Ба ронандагону пиёдагардон варақаҳо дар бораи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тақсим  гардид.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 16, 2023 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд