Дар шаҳри Тифлис ҷаласаи муштараки Гурӯҳи тиҷоратии минтақавӣ баргузор гардид

Июнь 14, 2023 11:30

ДУШАНБЕ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҷаласаи муштараки Гурӯҳи тиҷоратии минтақавӣ (RTG) ва Кумитаи ҳамкории гумрукӣ (CCC)-и Созмони ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин  ҷаласа муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода муаррифӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар чорабинии мазкур иштирокдорон масъалаҳо вобаста ба модернизатсияи гумрукӣ, содагардонии савдо, тадбирҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (SPS), рақамикунонии савдо ва дигар ташаббусҳои фарогир дар доираи Барномаи ҳамгирошудаи савдои CAREC барои давраи то соли 2030 (CITA), тасдиқи ҳисоботи бахши тиҷорат дар соли 2023, инчунин Нақшаи амалии стратегии (RSAP) 2023-2025-ро муҳокима намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2023 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд