Дар шимолу шарқи Қазоқистон сӯхтори ҷангал бартараф гардид

Июнь 16, 2023 13:15

ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе дар Қазоқистон дар паи татбиқи парвози мушоҳидавӣ ҳолати пурра бартараф  гардидани   сӯхтор дар минтақаи Абай эълон карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии байналмиллалии иттилоотӣ «Казинформ» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин  кишвар хабар додааст.

«То пурра бартараф гардидани  сӯхтор  дар маҳалҳои безараргардида  пайваста об  ва  хок пошида мешавад», — омадааст дар гузориш.

Барои хомӯш кардани сӯхтор ҳудуди 1800 нафар, беш аз 350 техникаи Вазорати ҳолатҳои фавқулода, экология ва захираҳои табиӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати мудофиа ҷалб шудаанд.

Аз оғози сӯхтор бо чархболҳо 1858 маротиба  пошидани об бо ҳаҷми беш аз 5400 тонна амалӣ карда шуд.

Дар натиҷаи хомӯш кардани сӯхтор 14 корманди хоҷагии ҷангал ба ҳалокат расиданд. Сӯхтор дар ҳудуди ҷангалзори Батпаев 8 июн оғоз ёфта, майдони умумии оташгирифта  тақрибан 60 ҳазор гектарро ташкил дод.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Казинформ»

Июнь 16, 2023 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст