Дар Суғд дар соҳилҳои «Баҳри тоҷик» ва дарёи Сир корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш гузаронида шуд

Июнь 21, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ аз ходисаҳои нохуш дар соҳилҳои «Баҳри тоҷик» ва дарёи Сир корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистона хабар доданд.

Наҷотдиҳандагони Кумита дар вилояти Суғд дар ҷараёни баргузории рейдҳо миёни истироҳатакунандагон корҳои таблиғотӣ дар мавриди риояи қоидаҳои будубош дар соҳили обҳо, расонидани ёриҳои аввалии тиббӣ ва ғайра роҳандозӣ карданд. Ҳамзамон бо тақсими варақаҳои таблиғотӣ рақамҳои телефонҳои хадамоти фавриро барояшон доданд, то дар мавридҳои зарурӣ сари вақт тавонанд бо онҳо тамос бигиранд.

Таҳлилҳои нишон медиҳанд, ки аксар вақт одамон дар ҷойҳое ғарқ мешаванд ва ба ҳалокат мерасанд, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудаанд.

Дар рафти аксияи таблиғотӣ вобаста ба риояи қоидаҳои шиноварӣ, оббозӣ кардан дар мавзеъҳое, ки амнияти бехатарии сокинон кафолат дода шудааст, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронаврус, зери назорати қатъӣ қарор додани кўдакон, фарзандони ноболиғ, масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида шуда, китобчаҳо, аёниятҳои таблиғотӣ дар бораи риояи қоидаҳои оббозӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба ғарқшуда тақсим карда шуд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид