Дар Суғд масъалаи афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо бо вилоятҳои Русия баррасӣ шуд

Июнь 26, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо байни вилояти Суғд ва вилоятҳои Русия 24 июн зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати Федератсияи Русия баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар мулоқот, ки бо иштироки роҳбарону масъулони Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои Липетск, Новосибирск, Краснодар ва Москва баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаи таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдоро баррасӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ҷонибҳо метавонанд дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ, коркарди маъдан, коркарди меваву сабзавот ва пахта лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки соҳибкорони ду давлат минбаъд низ барои иҷрои лоиҳаҳои мухталиф якҷо фаъолият бурда, дар зиёд шудани табодули молу маҳсулот саҳми худро мегузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 26, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард