Дар Тоҷикистон майдони 23 987 гектар ҳосили зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Тоҷикистон майдони умумии 23987 гектар зироати ғалладонагӣ, ки маҳсулоти асосии мамлакат маҳсуб мешавад, ҷамъоварӣ гардид, ки ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 42 сентнерро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ медиҳад.
Дар мамлакат ба ҳолати 30 майи соли равон дар майдони 288670 гектар барои ҳосили соли 2023 кишти ғалладонагӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, кишти гандум 203 101 гектар буда, дар майдони 19881 гектар ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокӣ 43 сентнерро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки кишоварзони мамлакат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин, риояи агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамари замин диққати махсус зоҳир менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






