Дар Турсунзода барои раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти 4 шаҳру ноҳия машғулият гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 8 июн дар шаҳри Турсунзода барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Роштқалъа, Ашт ва Ёвон дар мавзуи «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал» машғулияти сайёри таҷрибаомӯзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Дар машғулият дар маҷмуъ раисони зиёда аз 33 ҷамоати шаҳраку деҳоти ин шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар доираи машғулият иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихӣ, боғу гулгаштҳои шаҳри Турсунзода боздид намуда, бо дастовардҳои шаҳр дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла кишоварзиву саноат ва маорифу тандурустӣ шинос шуданд.
Дар анҷоми машғулият мизи мудаввар баргузор гардида, ба иштирокчиён Гувоҳнома супорида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






