Дар Турсунзода барои раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти 4 шаҳру ноҳия машғулият гузаронида шуд

Июнь 10, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 8 июн дар шаҳри  Турсунзода барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Роштқалъа, Ашт ва Ёвон дар мавзуи «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал» машғулияти сайёри таҷрибаомӯзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Дар машғулият дар маҷмуъ раисони зиёда аз 33 ҷамоати шаҳраку деҳоти ин шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар доираи машғулият иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихӣ, боғу гулгаштҳои шаҳри Турсунзода боздид намуда, бо дастовардҳои шаҳр дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла кишоварзиву саноат ва маорифу тандурустӣ шинос шуданд.

Дар анҷоми машғулият мизи мудаввар баргузор гардида, ба иштирокчиён Гувоҳнома супорида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июнь 10, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад