Дар Турсунзода оид ба самтҳои афзалиятноки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар хизматрасонии бонкӣ машварат баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 22 июн дар Осорхона ва Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода машварати омӯзишии хизматрасониҳои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур иттилоъ доданд.
Дар он роҳбарияти шаҳр, намояндагони дастгоҳи марказии «Саноатсодиротбонк», маркази хизматрасонии бонкии шаҳри Турсунзода ва соҳибкорони фаъол иштирок намуданд.
Дар машварат аз ҷониби сардори шуъбаи методии дастгоҳи марказии «Саноатсодиротбонк» доир ба самтҳои афзалиятноки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар хизматрасонии бонкӣ рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар идома оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ва имконияти «Саноатсодиротбонк» барои ҳамкорӣ ҷиҳати дастгирии бештари соҳибкорон маълумот пешниҳод карда шуд.
Дар фароварди машварат соҳибкорон-мизоҷони фаъоли «Саноатсодиротбонк» барои ҳамкории судманд ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳояшон аз номи роҳбарияти бонк бо «Сипоснома» қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»










ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд






