Дар Восеъ оид ба таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор машварат доир шуд
ВОСЕЪ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Баҳористон (собиқ Олимтой)-и ноҳияи Восеъ бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Тоҷикистон ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон зери унвони «Таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар мавсими ҷамъоварии зироати ғалладонагӣ ва хошоки дурушти чорво дар мавзеъҳои ҷангалзор, риояи ҳамоҳангсозии қувваю воситаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми сар задани сӯхтор» машварати саҳроӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ иттилоъ доданд.
Пеш аз оғози машварат намоиши таҷҳизоти муосир оид ба бартарафкунии сӯхтор ва машқу амалиёти тактикӣ аз тарафи кормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунии минтақавиву ҷумҳуриявӣ дар майдони зироати хошоки чорво гузаронида шуд.
Зикр шуд, ки имрӯз масъалаи таъмини бехатарии озуқаворӣ махсусан зироати ғалладонагӣ зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Моро зарур аст, ки барои амнияти мардум ва бехатарии дастранҷи деҳқонон ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем.
Зимни машварат иштирокдорон доир ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар давраи ғунучини зироати ғалладонагӣ, тайёр кардани хӯроки дурушти чорво, мавзеъҳои ҷангалзор, мамнуъгоҳҳо, оромгоҳҳо ва боғҳои миқёси ҷумҳурӣ сухан гуфтанд.
Дар анҷоми машварат масъулин ронандагони воситаҳои нақлиёти гандумдарав, тракторҳои борбар ва шудгоркунандаро бо қоидаҳои пешгирии сӯхтор ва амалиёти зиддисӯхторӣ шинос намуда, ба онҳо тавсияҳои муфид доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






