Дар зарфи 6 моҳ дар Тоҷикистон 56 нафар ғарқ шуданд

Июнь 13, 2023 16:25

ДУШАНБЕ, 13.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар иншооти обии Тоҷикистон то 12 июни соли равон 56 нафар ғарқ шудаанд, ки 33 нафари онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд. Аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 нафар наҷот дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи мазкур.

Тибқи иттилои манбаъ, давоми 6 моҳи соли 2022 дар обанборҳои ҷумҳурӣ 84 нафар, аз ҷумла 38 кӯдаки то 16-сола ҳалок шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ чунин тавсия медиҳад:

— фарзандони худро шиноварӣ омӯзед ва чун дар соҳили обҳо қарор доред, онҳоро беназорат нагузоред;

— дар маконҳои ношинос оббозӣ накунед;

— дар ҷойҳое, ки нишонаҳои огоҳкунандаи мамнуъ будани оббозӣ овезон карда шудаанд, оббозӣ накунед;

— дар ҳолати мастӣ вориди об нашавед;

— пеш аз он ки вориди об шавед, ба худ ва фарзандонатон камзӯлҳои шиноварӣ пӯшонед. Агар ин гуна имкон надоред, пас талош кунед, дар ҷойҳое оббозӣ кунед, ки бехатар бошанд;

— дар дохили об бозӣ накунед, бахусус аз амалҳое ба мисли дасту пои ҳамдигарро доштану кашидан худдорӣ намоед.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 13, 2023 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд