Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ намуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми миллатҳои Араб-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 2 июн идома мекунад, 15 нафар – 3 дарвозабон ва 12 бозигарро даъват намудааст.
3 июн дастаи Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023, ки аз 6 то 16 июн баргузор мешавад, ба Ҷидда меравад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Либия (6 июн), Арабистони Саудӣ (8 июн) ва Алҷазоир (10 июн) неру месанҷад.
Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Марокаш, Комор, Кувайт ва Лубнон иштирок мекунанд. Дар гурӯҳи «С» Миср, Мавритания, Фаластин ва Ироқ мубориза мебаранд.
Бар асоси натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду тими беҳтарини ҷойи сеюм ба даври плей-офф роҳ ёфта, дар даври чаҳорякниҳоӣ ҷуфтҳоро ташкил медиҳанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 дар Арабистони Саудӣ:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Фирӯз Бозмамадов («Соро компания»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);
Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Рустам Ҳамидов, Шавкат Ҳалимов, Абдуқаюм Умаров, Комрон Алиев (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Кузиев, Собирҷон Гуляков (ҳар ду аз «Амонатбонк»).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






