Филми мустанади «Тоҷикон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия мешавад
ДУШАНБЕ, 06.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва саҳми тоҷикон дар рушди фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ таҳия ва наворбардории филми мустанади «Тоҷикон»-ро бо коргардонии Рустам Шоазимов оғоз намуда, наворбардорӣ, бандубаст, танзим, садогузориву оҳангсозии филмро идома медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Филм бо рақаму далелҳо саҳми миллати тоҷикро дар пайдоиш, рушд ва тавсеаи тамаддуни умумиҷаҳонӣ дар пардаи синамо инъикос намуда, таърих ва фарҳанги оламшумули халқи тоҷикро рӯйи сафҳаи синамо мунаққаш месозад.
Ин филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия гардида, таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва нақши тоҷиконро дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ инъикос менамояд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






