Гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ғолиби озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28-уми май то 1-уми июни соли равон, дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» баргузор гардид, ки дастаи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе-ғолиби озмун дониста шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маросими кушодашавии он роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати БДА, дастаҳои иштирокчии озмун ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани мо ба пешравию дастовардҳои нав ба нав ноил гардида, рӯз то рӯз ободу зебо шуда истодааст. Ҳамасола бо дастгирии роҳбарияти ВКД озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» гузаронида мешавад.
Масъулин ҳадаф аз гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-ро пеш аз ҳама дар пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои томактабӣ, фаъолияти мунтазами дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракат» дар шаҳру навоҳии мамлакат ва дӯстиву муҳаббати иштирокчиёни Озмун унвон карданд.
Дар озмуни имсолаи ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» 6 даста: Гимназияи №74 шаҳри Душанбе, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, МТМУ №7 шаҳри Хоруғи ВМКБ, МТМУ №7 шаҳри Турсунзода, МТМУ №2 ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва МТМУ №1 ноҳияи Рашт иштирок намуданд.
Иштирокчиён аз рӯйи намудҳои «Азназаргузаронии сафороӣ», «Донишмандони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Дарси кушод», «Чархи амонӣ», «Танзимгари наврас», «Малакаи касбӣ» ва дигар бахшҳои озмун миёни ҳам қувваозмоӣ намуда, дар ҷамъбаст бо гирифтани холи аз ҳама баланд, яъне 74,73 дастаи Гимназияи №74 шаҳри Душанбе ғолиби мутлақи озмун дониста шуд. Ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






