«Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он». Дар ин мавзуъ дар Хоруғ конфронси минтақавӣ баргузор гардид

Июнь 15, 2023 18:43

ХОРУҒ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ Конфронси минтақавӣ таҳти унвони «Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид, ки зимни он масъалаи марбут ба иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре мухбири минтақавиии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конфронс иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ташкили инфрасохтори соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд таҳким ёфта, шароити мусоид дар ин самт ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонда шудааст.

Ҳамзамон таззакур дода шуд, ки пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҷомеа моро водор месозад, ки дар таъмини амнияти иттилоотӣ корҳои муассирро дар самти корбарӣ муайян намуда, тақвият бахшем.

Иштирокдорон фаъолияти низоми махфӣ дар асоси дастурамалҳои мансабӣ ва низомнома дар идораву муассиаҳо ва воҳидҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳрро муҳим маънидод намуда, ташкили ҳар чи бештари омӯзишҳои соҳавӣ барои масъулини мақоми низоми махфиро зарур шумориданд.

Дар ҷараёни конфронс вобаста ба масъалаи рушди минбаъдаи соҳа дар шароити босуръати илму техника ва технологияҳои муосир, роҳҳои беҳтар ва самарабахши таҳкими назорати соҳавӣ, чораҳои пешгирии паҳншавии иттилоот ҳангоми тадбиқи ҳукумати электронӣ, ҷанбаҳои илмии ҳифзи иттилоот дар замони муосир ва дигар мушкилоти ҳалталаби соҳа баррасӣ гардида, баҳри дарёфти роҳҳои афзалиятнок пешниҳодҳои судманд баён гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 15, 2023 18:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд