Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст

Июнь 12, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 12.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14  ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳи борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония вазида,  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24, рӯзона 34+39 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа  ва  рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо 10-15  метр дар як сония вазида,  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 12, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад