Имрӯз дар Тоҷикистон болоравии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 08.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз то 10 июн воридшавии ҳавои гарм аз қисмати ҷанубу ғарб ба қаламрави ҷумҳурӣ боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво рӯзона дар бештари ноҳияҳо баланд мешавад, аз ҷумла дар вилояти Хатлон то 38+43 дараҷа, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд то 35+40 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо шиддати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 0+5 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23, рӯзона 35+40 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






