Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Вазиши шамол дар баъзе ҳолатҳо то 10-15 метр дар як сонияро ташкил хоҳад дод, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа, рӯзона 36+41 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 34+39 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр ва дар баъзе ҳолатҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






