Имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 2075 донишҷӯи ватанию хориҷӣ хатм намуданд

Июнь 11, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 11.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро 2075 донишҷӯи ватанию хориҷӣ хатм намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ин шумора, факултетҳои тиббиро 1236 нафар, педиатриро 111 нафар, стоматологиро 197 нафар, фармасевтиро 53 нафар ва тиббӣ-профилактикиро 42 нафар хатм намудаанд ва барои фаъолият дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ сафарбар мегарданд.

14 хатмкунандаи ватанӣ ва 2 хатмкунандаи хориҷӣ бо ахлоқи намунавию хониши аъло ба гирифтани Дипломи аъло шарафёб гардиданд.

Дар ҷамъомади тантанавие, ки 9 июн дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бахшида ба гусели хатмкунандагон доир гардид, аз табибони оянда даъват карда шуд, ки ворисони воқеии Синои бузург бошанд, афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқро идома диҳанд ва дар фаъолият содиқонаю софдилона ба давлату миллат хизмат намоянд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 11, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад