«ИСТЕЪДОДҲОИ НАВРАС». Дар Душанбе маросими пӯшидашавии Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон баргузор шуд

Июнь 30, 2023 09:37

ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кохи «Сурӯш»-и   пойтахт бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими тантанавии пӯшидашавии Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас», ки аз 26 то 30 июни соли 2023 идома ёфт, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маросими пӯшидашавии Фестивали мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии дахлдор, ҳайати ҳакамони озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди дохилу хориҷи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода оғоз намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни Фестивал  расонида, бори дигар меҳмононро ба Тоҷикистон ва Душанбешаҳри дилоро хайрамақдам гуфт.

Сипас, маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон, ки  27 июн дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» аз рӯйи номинаи вокал, хореография ва навозандагӣ баргузор гардида буд, доир гардид.  Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти Фестивал қадрдонӣ карда шуданд.


Ёдрас бояд шуд, ки дар «Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон — «Истеъдодҳои наврас» ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳрҳои Екатеринбурги Федератсияи Русия, Тошкант, Нукус ва Намангони Ҷумҳурии Узбекистон, Ашхободи  Туркманистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, наврасони соҳибистеъдоди Афғонистон, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз марказҳои эҷодии таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагона иштирок доштанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи ғолибони Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гардид.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июнь 30, 2023 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид