ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун пас аз ҷамъоварии ҳосил ба кишти такрории маҳсулоти кишоварзӣ шуруъ менамоянд

Июнь 17, 2023 09:48

ДУШАНБЕ, 17.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии «Сайёд» — и ноҳияи Ҷайҳун дар майдони 1,30 га кишти зироати полезӣ, аз ҷумла тарбуз ва ҳандалак гузаронида шуда, дар давраи ҷамъоварии ҳосил қарор дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Деҳқонони хоҷагии мазкур иброз доштанд, ки дар ҷамъоварӣ ва фурўши тарбузу ҳандалак хеҷ мушкилӣ надоранд. Зеро соҳибкорон онро аз сари замин, ҳамон лаҳзаи баъди ҷамъоварӣ ба мошинҳо бор намуда, барои фурўш ба бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат интиқол медиҳанд.

Ба гуфти кишоварзони ин хоҷагӣ, имсол ҳосили фаровони тарбузу ҳандалак ба даст овардаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки хоҷагии деҳқонии «Сайёд», ки дар масоҳати 3,30 га замини обӣ ташкил гардидааст, дар майдони 1 га гандум кишт намуда, аз он ба ҳисоби миёна 45-48-сентнерӣ ҳосил ба даст овардааст.

Баъди ҷамъоварии гандум дар майдони мазкур кишти такрории сабзӣ гузаронида мешавад. Инчунин дар майдони 1 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нашъунамо дорад.

Дар хоҷагии деҳқонии ба номи Нуриддин Маҳмудови ин ноҳия бошад, баъди обёрӣ гардидани заминҳое, ки солҳои тӯлонӣ аз об танқисӣ мекашиданд, пас аз ҷамъоварии гандум ва ҷав дар майдони 50 га кишти такрории навъи пешпазаки пахта анҷом дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июнь 17, 2023 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд