Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» идома доранд

Июнь 15, 2023 09:08

ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор», ки дар ноҳияи Роштқалъа бунёд карда мешавад, шинос шуд.   Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки кор дар зеристгоҳи 110/35/6 кВ «Себзор» дар охири моҳи майи соли равон  пурра анҷом ёфт. Ҳамзамон интиқол ва корҳои насби таҷҳизот низ ба охир расида, мутахассисон дар бинои асосии неругоҳ, дар минтақаи сарбанд, бинои зеристгоҳ ва пули асосӣ кор мекунанд. Дар ҳоли ҳозир мутахассисон корҳои заминканӣ дар минтақаи сарбанд ва лӯлаи обро анҷом дода, корҳои заминканӣ дар бинои асосии неругоҳ ба анҷом расониданд ва ба рехтани бетон шурӯъ намудаанд.

Ҳамчунин дар охири моҳи апрели соли 2023 корҳои поксозии нишебиҳои қад-қади роҳ аз мавзеи сарбанд то бинои неругоҳ оғоз шуда, то имрӯз аксари корҳо анҷом ёфтаанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 15, 2023 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад