«КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ-2023». Дар Бохтар оид ба роҳҳои пешгирӣ аз нашъамандию кирдорҳои номатлуб чорабинӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии муштараки фарҳангию фароғати ва варзишӣ таҳти унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2023» зери шиори «Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабинии дорои хусусияти пешгирикунанда бисёр муҳим буда, дар огоҳонидани насли наврасу ҷавон аз оқибатҳои фоҷиабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ нақши калон дорад.
Дар идомаи чорабинӣ оид ба мақсадҳои чорабинӣ, саломатии ҷомеа, аҳамияти варзиш ба саломатӣ, таҳкими дӯстию рафоқат изҳори андеша карда шуда, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар пешгирӣ ва паҳншавии маводи нашъаовар, бахусус сӯиистеъмоли он, муҳим арзёбӣ гардид.
Инчунин тазаккур дода шуд, ки новобаста аз он, ки дар Тоҷикистон сатҳи мубтало гардидан ба нашъамандӣ солҳои охир рӯ ба камшавӣ дорад, бояд бо ҷавонону наврасон оид ба роҳҳои пешгирӣ ва дурӣ ҷустан аз нашъамандию дигар амалу кирдори номатлуб пайваста корҳои фаҳмондадиҳию тарбиявӣ бурда шавад.
Тибқи нақшаи чорабинӣ, даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол байни ҷавонону наврасони муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Бохтар ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян карда шуданд.
Ғолибон, бозигарони беҳтарин, мураббиёни мусобиқаи варзишӣ, инчунин, нафароне, ки барои дар сатҳи баланд доир гаштани ин чорабинии муштарак саҳм гузоштанд, бо мукофотҳо, аз қабили ҷом, медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Корвони мазкур тибқи нақша, дар шаҳрҳои Турсунзода, Хуҷанд ва Душанбе идома меёбад.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






