Маҷлиси намояндагон дар чор иҷлосияи гузашта зиёда аз 2 ҳазор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор дод
ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он гузориши Раиси Маҷлиси намояндагон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, даъвати шашум» пешниҳод гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки тӯли фаъолияти чор иҷлосияи гузашта 115 маҷлисҳои Шӯро ва 90 ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо беш аз 2 ҳазору 492 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин давра 386 қонун, аз ҷумла 58 қонуни мукаммал, 6 кодекс, 19 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 185 қонун оид ба ворид кардани таѓйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 117 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо таҳия ва манзур карда шуда, аз он 293 қонун қабул гардидааст. Инчунин беш аз 164 созишномаву протоколҳо тасдиқ карда шуданд.
Дар ин раванд 16 маротиба муҳокима ва соатҳои парламентӣ баргузор гардида, беш аз 10 маротиба мизҳои мудаввар гузаронида шудааст, ки албатта натиҷаи он ба рушду инкишофи фаъолияти вакилӣ мусоидат намуд.
Дар ин давра вакилони Маҷлиси намояндагон 4 маротиба бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ вохўриву мулоқотҳои судманд барпо намуданд, ки ҳадаф аз он шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, инчунин баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи сокинони мамлакат буд.
Ба ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон 97 қонун, аз ҷумла 14 қонуни мукаммал, 3 кодекс, 1 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 49 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 30 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 38 созишномаву протоколҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардидаанд.
Дар умум дар давраи иҷлосияи сипаришуда беш аз 48 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул гардида, 47 лоиҳа дар баррасии Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, инчунин 8 лоиҳаи қонуни дигар барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ ирсол ва дар муҳокима қарор дорад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






