MADE IN TAJIKISTAN. Қолинҳои истеҳсоли Тоҷикистон ба Русия ва Узбекистон содирот мешавад
ДУШАНБЕ, 11.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта дар корхонаҳои қолинбофии Тоҷикистон 7,3 миллион метри мураббаъ қолин истеҳсол карда шудааст. Дар корхонаҳои қолинбофии мамлакат дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати «VAN DE WIELE» -и Белгия васлу насб карда шудаанд. Иқтидори тавлидотии корхонаҳои қолинбофии ҷумҳурӣ дар умум беш аз 6 миллион метри мураббаъ қолин дар як сол мебошад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони саноати сабук таҷлил мегардад.
Муовини сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмал Шарифов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки қолинбофӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки саноати сабук дар мамлакат маҳсуб шуда, бо назардошти муҳимияти он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид.
Қабули Барномаи мазкур ба таъсиси корхонаҳои нави қолинбофӣ, воридоти таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, содирот, кам кардани маҳсулоти воридотӣ ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.
Алҳол дар Тоҷикистон 5 корхонаи қолинбофӣ дар шаҳрҳои Душанбе — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе», дар Қайроққум- Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» ва се корхона қолинбофӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дутоаш муштарак буда, дар ҳамкорӣ бо давлати Туркия таъсис дода шудаанд, фаъолият доранд
Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки яке аз самтҳои он содироти қолин ба хориҷи мамлакат мебошад, соли 2022 ба маблағи беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ ба Русия ва Узбекистон қолинҳои истеҳсоли Тоҷикистон содирот шудааст.
Инчунин аз хориҷа, асосан аз Русия, Эрон, Туркия ва Узбекистон дар соли сипаригардида ба маблағи 5,7 миллион доллари амрикоӣ 2,6 миллион метри мураббаъ қолин ворид карда шудааст, ки аз ин омор 1,6 миллион метри мураббаъ ба Русия, 554 ҳазор метри мураббаъ ба Узбекистон ва 310 ҳазор метри мураббаъ ба Туркия рост меояд.
Корманди масъули Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат таъкид намуд, ки дар бозори дохилӣ талабот ба қолинҳои истеҳсоли ватанӣ беш аз пеш меафзояд.
Бояд тазаккур дод, ки қолинбофӣ, яке аз ҳунарҳои қадима буда, дар қарни XVII ба вуҷуд омада, аслан дар Эрон, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз рушд намудааст. Аз давраҳои пеш дар ин ҷо бо қолин хонаро оро медоданд ва ба ҳунари қолинбофӣ асосан занҳо машғул буданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори СММ мавқеи Тоҷикистон оид ба рушди устувор муаррифӣ шуд
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
Дар шаҳри Сиани Чин ҳамоиши соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
Аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
Дар ноҳияи Шуғнон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
Ҳамкории вилояти Суғд бо ширкатҳои чинӣ густариш меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Молу маҳсулоти Тоҷикистон дар 17 намоишгоҳи дохилию байналмилалӣ муаррифӣ гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 3 ҳазор гектар ҷангалзор бунёд ва барқарор карда шуд
Дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология 259 кони дорои захираҳои саноатӣ ба қайд гирифта шуд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ҲУКУМАТИ РАҚАМӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фарқияти он






