Маркази нави саломатии деҳаи Булбулчашмаи шаҳри Ҳисор ба беш аз 3500 нафар сокинон хизмат мерасонад
ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Булбулчашмаи шаҳри Ҳисор Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд. Маркази саломатӣ бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ кумаки бебозгашти давлати Ҷопон сохта шуда, дар он 7 табиб ва корманди миёнаи тиббӣ ба ниёзмандон хизмат мерасонанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Бо бунёди маркази саломатӣ дар деҳаи Булбулчашма имкон фароҳам омад, ки беш аз 3500 нафар сокинони деҳа ва деҳоти атрофи он бо хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шуда, мушкилоти сокинони деҳоти мазкур, ки қаблан барои гирифтани одитарин табобат ба маркази ҷамоат ва ё шаҳр мерафтанд, ҳалли худро пайдо намояд.
Сохтмони маркази мазкур моҳи ноябри соли гузашта оғоз гардида, дар шаш моҳ ба анҷом расид.
Дар маросими ифтитоҳи Маркази саломатӣ гуфта шуд, ки иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ҷопон роҳандозӣ шуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Императори Ҷопон муҳтарам Нарухито дар таҳкими равобити дӯстонаи ду давлат арзишманд арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамкории байнидавлатии Ҷопон ва Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ авлавияти бештар дошта, дар доираи он муассисаҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ бо пешрафтатарин таҷҳизоти тиббӣ ва садҳо адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ муҷаҳҳазу таъмин гардидаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






