Масъалаи такмили самтҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои стратегии рушди мамлакат Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Такмили самтҳои рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави саноатикунонии иқтисодиёт» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дарМаркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олиии касбӣ ва коршиносони варзида иштирок намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода изҳор дошт, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бо пешниҳоди стратегияи ҷаҳоруми худ таҳти унвони «Саноатикунонии босуръат ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум» вориди марҳалаи ҷадиди навсозӣ гардид. Ва ташаббуси чунин навсозии ҷомеа омили рушди иқтисодӣ ва беҳбудбахшии зиндагии мардум дониста мешавад.
«Айни замон баҳри татбиқи «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» як қатор барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодааст, ки мақсадашон фароҳамории шароит барои гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ батадриҷ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ мебошад. Бо татбиқи чунин амалҳо солҳои охир дар саноати мамлакатамон тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар самтҳои алоҳидаи он суръати афзоиши тавлиди молу хизматрасониҳо таъмин гардидааст»,-афзуд Х.Усмонзода.
Тазаккур дода шуд, ки саноатикунонӣ таъмини мавҷудияти як силсила шарту шароитеро дорад, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ба вуҷуд овардани муҳити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, навовариҳо дар фаъолияти ниҳодҳои хоҷагидорӣ, воридсозии густурдаи мардум, аз ҷумла занон, ба бозори кор ва ҳузури онҳо дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, тамаркуз ба иқтисоди навоварона ва ғайра мебошанд.
АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд






