МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН! Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ҳушдор медиҳад

Июнь 19, 2023 13:51

ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 2150 нафар ноболиғ, ки ба оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, шустушӯи воситаҳои нақлиёт, марказҳои бозии компютерӣ, чилимхона, савдои кӯчагӣ, дуд додани испанд ва дигар амалҳои барои онҳо манъшуда машғул буданд, ба мақомоти милитсия оварда шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Тибқи иттилои манбаъ, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба волидайни ин наврасон тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардиданд.

Тавре масъулини Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иброз доштанд, давлату Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо ин мақсад ҳамасола даҳҳо мактабҳои муосир ва майдончаҳову муассисаҳои варзишии ба сатҳи байналмилалӣ ҷавобгў сохта ба истифода дода мешаванд, яъне тамоми шароитҳои зарурӣ барои ба илму дониш ва варзишу омўзиши иловагӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон муҳайё гардида истодааст.

Аз рейду амалиёти санҷишии кормандони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе метавон натиҷагирӣ кард, ки мутаассифона баъзе аз волидайн ба таълиму тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ надода, онҳоро беназорат мегузоранд, ҳамзамон наврасонро ба иҷрои корҳои ҷисмонии душвор ҷалб карда, талаботи қонунгузориро сарфи назар менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷалби ноболиғон ба иҷрои корҳои душвор ва ба манфиати худ истифода бурдани меҳнати ҷисмонии онҳо дар доираи қонунгузорӣ қатъиян манъ карда шуда, нисбат ба чунин афрод ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷониби Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи дастуруи супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» пайваста дар байни наврасон маҳфилҳои маърифатию омӯзишӣ ташкил карда шуда, ҳамзамон бо онҳо мулоқоту суҳбатҳои самимӣ баргузор карда мешаванд.

Дар ин замина аз кулли шаҳрвандон, махсусан волидайн ва он нафароне, ки дар таълиму тарбияи наврасон масъул мебошанд, хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки онҳо вақти пурқиммати худро ба амалу корҳои беҳуда сипарӣ созанд.Дар тартиб додани Реҷаи рўз дар таътили тобисона ба онҳо кумак намуда, барои ҷалби онҳо ба китобхона, тамошои осорхонаю дигар маҳфилҳои омўзишӣ мусоидат намоянд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 19, 2023 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад