МАВСИМИ ОББОЗӢ. Дар ин мавзуъ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд

Июнь 5, 2023 13:10

ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Точикистон  аз 1 июн расман мавсими оббозӣ оғоз гардид. Дар ин робита кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили обҳо навбатдорӣ ташкил намуда, ҳамзамон бо роҳандозии чорабиниҳои таблиғотӣ ба сокинон ва истироҳаткунандагон оид ба  қоидаҳои бехатарии будубош дар соҳили обҳо ва тарзи дурусти шиноварӣ маълумот медиҳанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  хабар медиҳад.

Аз ҷумла,  1 июни соли равон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ чунин як чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он оид ба талаботҳо ва риояи қоидаҳои оббозӣ корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ аз иштирокдорон даъват гардид, ки ҳангоми оббозӣ талаботи онро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳо ё иншоотҳои обӣ, ки барои оббозӣ пешбинӣ шудааст, оббозӣ кунанд.

Ҳамзамон масъулин  дастур доданд, ки  сокинон бахусус ба оббозии кўдакону наврасон  таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро беназорат нагузоранд. Зеро тибқи мушоҳидаҳо,   дар байни ғарқшудагон шумораи онҳо кам нестанд.

Дар охири суҳбат байни донишҷӯён ва масъулини Раёсат табодули афкор сурат гирифт.

Кормандони Раёсат ба ширкаткунандагон китобчаҳои таблиғотӣ ва дастурҳо дар бораи риояи қоидаҳои оббозӣ ва  расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба ҷабрдидагон тақсим намуданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2023 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид