МАВСИМИ ОББОЗӢ. Дар ин мавзуъ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Точикистон аз 1 июн расман мавсими оббозӣ оғоз гардид. Дар ин робита кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили обҳо навбатдорӣ ташкил намуда, ҳамзамон бо роҳандозии чорабиниҳои таблиғотӣ ба сокинон ва истироҳаткунандагон оид ба қоидаҳои бехатарии будубош дар соҳили обҳо ва тарзи дурусти шиноварӣ маълумот медиҳанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.
Аз ҷумла, 1 июни соли равон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ чунин як чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он оид ба талаботҳо ва риояи қоидаҳои оббозӣ корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ аз иштирокдорон даъват гардид, ки ҳангоми оббозӣ талаботи онро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳо ё иншоотҳои обӣ, ки барои оббозӣ пешбинӣ шудааст, оббозӣ кунанд.
Ҳамзамон масъулин дастур доданд, ки сокинон бахусус ба оббозии кўдакону наврасон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро беназорат нагузоранд. Зеро тибқи мушоҳидаҳо, дар байни ғарқшудагон шумораи онҳо кам нестанд.
Дар охири суҳбат байни донишҷӯён ва масъулини Раёсат табодули афкор сурат гирифт.
Кормандони Раёсат ба ширкаткунандагон китобчаҳои таблиғотӣ ва дастурҳо дар бораи риояи қоидаҳои оббозӣ ва расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба ҷабрдидагон тақсим намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






