Мубодилаи молу маҳсулот соли 2022 байни вилояти Суғд ва минтақаҳои Русия беш аз 600 миллион долларро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 22.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида мубодилаи молу маҳсулот байни вилояти Суғд ва минтақаҳои Русия беш аз 600 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ин хусус зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Дмитрий Волвач, ки дар Хуҷанд доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар мулоқот таъкид гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ буда, бо минтақаҳои гуногуни Русия ҳамкории мутақобиларо ба роҳ мондааст. Новобаста ба ин, то кунун имкониятҳои истифоданагардида хело зиёд мебошад. Соҳибкорон ва ширкатҳои бонуфузи Русия метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург, аз қабили бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, коркард, банду баст, саноати кўҳиву металлургӣ, нассоҷӣ, азхудкунии заминҳо ва ғайра саҳм гузоранд.
Дмитрий Волвач аз таваҷҷўҳ ва раванди ҳамкорӣ дар сатҳҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ҳадафи аслии сафари ҳайати мазкур маҳз ба тақвияти ҳамшарикии соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Вилояти Суғд водии имкониятҳо маҳсуб ёфта, ҳамасола ташкили Ярмаркаи байналмиллалии савдо ба ҷалби саромояи мустақим ва татбиқи лоиҳаҳои бузург заминаи воқеъӣ мегузорад. Ҷониби Русия ба рушди муносибатҳо ҳавасманд буда, изҳор намуд, ки ояндаи наздик тарҳҳои муштарак амалӣ менамояд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои минтақавиву байниҳукуматӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифтанд.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






