Намояндагони институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд

Июнь 15, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон ба  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Тавре дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадаф аз боздиди меҳмонон тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи ғояҳо, китобу нашрияҳо, таҳқиқоти муштараки илмӣ, вусъат додани табодули устодону донишҷӯён ва гузаронидани ҳамоишҳои гуногуни илмию амалӣ, бозомӯзии мутахассисиони риштаи забономӯзӣ ва  ғайра мебошад.

Дар ин рӯз  ҳамчунин мулоқоти  ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони Институтҳои иёлати Панҷоби Ҳиндустон таҳти роҳбарии доктор Канвал Наин Сингх Канг баргузор шуд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба имкониятҳои илмию таълимии донишгоҳ ва ҳамкории он бо муассисаҳои илмию таълимии давлатҳои хориҷа сухан гуфт.

Ҷонибҳо дар самти омӯзиши соҳаҳои мухталифи илму техника ва баргузории ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати рушди ҳамкории минбаъда ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Ҳайати меҳмонон дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бо фаъолияти  Маркази омӯзишии Ҳиндустон шинос шуда, баъдан Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллатро  дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тамошо  намуданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июнь 15, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид