Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Корея меҳмони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкорӣ, татбиқи созишномаҳои байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея ва омӯзиши забонҳои тоҷикию кореягӣ дар мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Корея Пэк Чуҳён ва Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок дар Душанбе баррасӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иттилоъ медиҳад, дар мулоқот дар бораи Донишгоҳ ва шуъбаи забони кореягӣ маълумот дода шуда, иброз гардид, ки дар факултети забонҳои Осиё 98 нафар донишҷӯ ва 196 нафар дар курси омӯзиши забони кореягӣ таҳсил менамоянд. Ба онҳо 5 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 1 муаллими соҳибзабон таълим медиҳанд.
Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Корея Пэк Чуҳён изҳор намуд, ки барои тавсеаи равобити судманди дуҷониба саҳми худро гузошта, барои амалӣ шудани пешниҳодҳои ироашуда мусоидат хоҳад кард.
Аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ба меҳмонон китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат» — и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардидааст, муаррифӣ шуда, тақдим гардид. Инчунин бо иштироки Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Корея дар мавзуи «Ҳамкорӣ ба хотири фардои Тоҷикистон ва Корея» суҳбати озод бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ доир шуд.
АКС: Донишгоҳи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода









Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»






